wordpress themes.

Сабабҳои бекоршавии ақди никоҳ дар байни ҷавонон.

Сабабҳои бекоршавии ақди никоҳ дар байни ҷавонон.

 

Яке аз масъалаҳои ташвишовари ҷомеъаи имруза ин ноустувории оилаҳои ҷавон ва кандашавии ақди никоҳ дар байни онҳо мебошад. Воқеъан ҳам масъалаи мазкур на як кишвари мо, балки тамомиҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Олимон, мутахассисон ва масъулини мақомотҳои давлати дар ин самт аз замони пайдоиши оилаи инсонӣ дар руи замин то кунун кушиш карда истодаанд, ки ҳарчи зудтар роҳи барҳамхурии оилаҳои ҷавон гирифта шавад. Масалан мутафаккири юнони қадим Арасту дар ин самт чунин иброз намуда буд, ки «Оила пояи асосии ҷомеа ва давлат аст. Дар давлате, ки устувории оилаҳо зиёд аст, дар он ҷомеъаи солим ҳукмфармост».

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд аз зумраи он давлатҳоест, ки баҳри устувории ҳамешагии оилаҳо ғамхорӣ менамояд. Оиди ин масъала дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 33 кишвар омадааст, ки «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад». Вобаста аз ин мақомотҳои давлатӣ махсусан мақомоти судӣ бештар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки меъёри мазкури конститутсионӣ дар амал татбиқ гардида, барҳамхурии оилаҳои ҷавон пешгирӣ карда шаванд. Дар фаъолияти судӣ чораҳои қонунӣ баҳрӣ устувории муносибатҳои оилавӣ ва кам кардани барҳамхурии оилаҳо зиёд ба чашм мерасад. Мисоли ин шуда метавонад гузаронидани вохуриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳи дар байни мардум, татбиқи муҳлати оштишавӣ байни тарафҳо, ӯҳдадор намудани масъулини мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳалли ва ғайраҳо оиди андешидани тадбирҳои муфид ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳи аз ҷониби онҳо.

Сабаб ва шароитҳое, ки оиларо ба барҳамхурӣ оварда мерасонад, аз ҷониби мутахассисон таҳқиқ гардида то ҷое муайян карда шудаанд. Аз ҷумла яке аз сабабҳое, ки бештар ба вайроншавии оилаҳои ҷавон оварда мерасонад, ин омода набудани тарафҳои барпокунандаи оила мебошанд. Вобаста ба ин якчанд омилҳое, ошкор гардидааст, ки омода набудани тарафҳоро дар бастани ақди никоҳ нишон медиҳад.

Аввалан ин паст будани тарбияи оиладории никоҳшавандагон мебошад. Тарбияи инсон чи дар ҷодаи оиладорӣ ва чӣ дар дигар соҳаҳои ҳаёт аввалан аз оила оғоз меёбад. Яъне масъули аслии омодагии фарзанд дар бастани ақди никоҳ ин пеш аз ҳама падару модар мебошанд. Падару модар худ мактаби ҳақиқии оиладорӣ буда, ҳар як амал ва ҳар як сухани онҳо барои фарзандон дарс аст. Барои ҳаёти осоиштаву гуворои фарзанд волидайн бояд аз ибтидо ғамхорӣ намуда, кӯшиш намояд, ки пеш аз оиладор намудани фарзандашон ҳама нозукию вазнинии оиладориро омузонда, баъдан ба ҳаёти мустақилона қадам мондани онҳоро арзанда ҳисобанд.

Дувумин ба синну соли мувофиқ нарасидани никоҳшавандагон мебошад; Беҳуда нест, ки моҳи январи соли 2011 ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуда, синни никоҳиро, ки то ин вақт аз 17 сола буд ва онро ба 18 солагӣ иваз намуданд. Албатта шароити иқлимиву иқтисодии кишвари мо барои то синни 18 солагӣбастани ақди никоҳ номувофиқ мебошад. Зеро таҷрибаҳо нишон доданд, ки то 18 солагӣ никоҳшавандагон чӣ аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва чӣ аз ҷиҳатиақлонӣ пурра инкишоф наёфта буда, бори гарони зиндагиро мустақилона бардошт карда наметавонанд. Аз ин ру ин омилҳам аксаран боиси вайроншавии оилаҳои ҷавон мегардад.

Дигар сабаби вайроншавии оилаҳои ҷавон ин пинҳон мондани бемории тарафи никоҳшаванда то баъди никоҳ мебошад.Албатта, на ҳама аъзоёни ҷомеаи мо солим мебошанд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки баъзан бемории то бастани ақди никоҳ пинҳонмондаи тарафи никоҳшаванда сабаби барҳамхурии оилаи ҷавон мегардад. Хуб мешуд, ки пеш аз  бастани ақди никоҳ тарафҳои никоҳшаванда аз вазъи руҳию ҷисмонии якдигар пурра бохабар шуда баъдан барои бастани ақди никоҳ розигӣ медоданд. Масалан, бемориҳои сироятии табобатнашаванда, импотенсия, бемориҳои асаб ва ғайраҳо.

Дахолати шахсони сеюм ба муносибатҳои оилавӣ низ яке аз сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон мебошад. Ин ҳолат дар таҷрибаи судӣ хеле зиёд ба чашм мерасад. Аксари оилаҳо ба таъсири манфии хусуру хушдоман, бародарону хоҳарони ҳамсар ва дигар хешу ақрабо тоб наоварда оилаашон барҳам мехуранд. Ин ҳолат низ танзими оилавии худро талаб мекунад. Воқеан ҳам ҳастанд падару модароне, ки худашон мактаби дурусти оиладориро аз сар нагузаронда, бар ивази  кушиши устувор нигоҳ доштани оилаи фарзандонашон боз манфиатҳои шахсиашонро волотар дониста, кинаю адоватро байни навоиладорон парварида, роҳҳои ҷудо кардани онҳоро меомузанд.

Дар охир ҳаминро қайд кардани ҳастам, ки ҳар як фарде, ки оила барпо менамояд дар ҷомеа ӯ алакай аъзои мустақил ҳисобида шуда, бояд муносибатҳои оилавиашро мустақилона идора намуда, андешакорона рафтор намояд.

 

Раиси суди ноҳияи

Спитамени  вилояти Суғд                                   Зикирзода Лоиқ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Наврӯз ҷашни расмӣ аст

 

Миллати «тоҷик»-ро ҳамчун халқи ориёнажод, ки сарнавишташ саршор пур аз  воқеоти бузурги фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст,  мақоми байналмилалӣ гирифтани иди Наврӯз дар миёни кишварҳои хориҷ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф кардаанд, боз ҳам  машҳур гардонид.

Наврӯз чун ҷашни куҳан таърихи беш аз 5 то 6 ҳазор сола дошта дар сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ вобаста ба ин ҷашни фархунда ақидаҳои гуногун арзи вуҷуд дорад.

Олимон ва мардони баруманди миллати тоҷик барои аз миён нарафтани расму русуми миллӣ, махсусан ҷашни наврӯз душвориҳои зиёдеро паси сар карда тавонистаанд, ин иди миллиро ба наслҳои ояндаи хеш мерос гузоранд.

Таърихнигори бузурги миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуров бо чанд далелҳои муаррихони гузаштагони мо ба монанди «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Зайнулахбор»-и Гардезӣ ва «Осор–ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ Наврӯзро чун ҷашни халқӣ ёдрас шуда, ибрози ақида менамояд, ки иди наврӯз бо сабаби иди деҳқонӣ-халқӣ буданаш ҳатто дар байни миллатҳои ғайри форсу тоҷик ҳам мавриди пазироӣ қарор гирифтааст. профессор У. Ғаффоров

Ҳамзамон, Умари Хайём ҳамчун фарзанди фарзонаи миллати тоҷик меформояд: «Ҳар, ки рӯзи Наврӯзро ҷашн кунад ба хуррамӣ пайвандад ва то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ гузаронад».

Дар фарҳанги Осори Ҷомӣ Наврӯз  – ҳамчун оғози иди солинавии мардуми шарқ эътироф карда шудааст, ки ба рӯзи аввали соли шамсӣ, санаи  21 – 22 март рост меояд.

Аллома Маҷлисӣ дар китоби «Баҳор–ул-анвор» аз Ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ ривоят мекунад, ки Наврӯз аввалин рӯзе ҳаст, ки Хуршед дар он тулӯъ карда, сайёраи Замину Офтоб дар чунин рӯз эҷод шуда вазидани бодҳои ногаҳонӣ сар мешавад.

Гузашта аз ин, ҷашни Наврӯзи хуҷастапай, ки баробаршавии шабу рӯз, оғози кишту кори баҳор, зиндашавии табиат баъд аз зимистон ва орзую ормонҳои мардум ба зиндагии оянда мебошад, аз замонҳои қадим то инҷониб дар байни халқҳои форсизабон махсусан миллати тоҷик бо тамоми шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ба таври расмӣ ба танзим даровардани анъана ва оинҳои гузаштагони миллати тоҷик ба миён омад.

Пас аз таҳия ва баррасии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ноябри соли 1995 – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ваколати қонунгузории худ ба зери Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» имзо гузошт.

Мувофик ба сархати 3-юми  банди 1-уми  Қонуни мазкур 21-22  март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ҷашни Наврӯз эътироф карда шуд.

Бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ ва ба ҷо овардани танзими расму русумҳои иди наврӯз, ки дар ин рӯз мардум бо мақсади дуои хайр гуфтан ба аёдати наздикон ва ятимону барҷомондагон рафта ҳадя тақдим мекунанд, санаи 29 апрели соли 2006 ба Қонуни мазкур тағйирот ворид карда шуда, дар баробари рӯзи 21-22 инчунин 23 -24 март низ, ҳамчун рӯзи ҷашни Наврӯз муқаррар карда шуд.

Дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик боз як рӯзи фаромӯшнашаванда ин санаи 23 феврали соли 2010 ба шумор меравад, ки бо ташабуси Тоҷикистон ва якчанд кишварҳои дигари ҷаҳон иҷлосияи 64 –уми Асамблеяи Генералии СММ дар бораи «Рӯзи байналмилалии наврӯз» эълон шудани рӯзи 21 март Қарор қабул кард ва бо ҳамин, Наврӯзи тоҷикон ва қавмҳои ориёӣ ҷаҳонӣ гардонида шуд.

Вобаста ба Қарори Маҷмааи умумии СММ: 21 – март ҳамчун рӯзи байналмилаии Наврӯз эътироф карда шуда, кушиши давлатҳои аъзоро, ки Наврӯзро ҳамчун ишкишофи анъанаҳои фарҳангӣ ҳифзу таҷлил мекунанд (ҷашн мегиранд) ҷонибдорӣ гардида, давлатҳои аъзоро ҳидоят бар он мекунад, ки ҳар сол то ҳадди зарурат оид ба гузаронидани Наврӯз тадбирҳо андешанд, инчунин давлатҳои аъзои ба Наврӯз таваҷҷуҳ доштаи СММ, бояд дорои соҳаҳои мансуб ба: бунёдҳо, лоиҳаҳо, бахшҳои масъули соҳаи маориф ва илму фарҳанг буда, дар тадбирҳои ташкилотҳои байналмилалии СММ  ширкат варзанд.

Санаи 21 июли соли 2010 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 3 ноябри соли 1995 тағйирот шуда, ба ҷои ибораи «Ҷашни Наврӯз» «Иди байналмилалии Наврӯз» ворид гардида, қонуни мазкур ба Қарори Маҷмааи умумии СММ  мутобиқ гардонида шуд.

Ҳамзамон, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар Нишони Наврӯз ҳамчун рамз таҳия ва тасдиқ карда шудааст.

Дар нишони Наврӯз, ки он ба шакли курраи замин аст, қутбҳои шимолу ҷануб, нурафшонии Офтоб, оғози бедоршавии табиат, айёми кишту кори донаҳои умед ва фасли баҳору шукуфоӣ, инчунин тоҷи заринни Нишону Парчами Тоҷикистон дарҷ гардидааст.

Нишони Наврӯз чун РАМЗ,  дар ороишоти наврӯзгоҳо парафшон карда шуда, ҳар як шахс метавонад онро ҳамчун нишони сарисанагӣ ба бар намояд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар баробари дигар идҳои миллӣ ба ҳайси яке аз бузургтарин идҳо эътироф гардида бо тамоми риояи расму русумҳояш  ҷашн гирифта мешавад.

Дар хонадони ҳаряки мардуми тоҷик тартиб додани хони наврӯзӣ бо «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» ҳамчун рамзи Наврӯзӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Ба сурфаи ҲАФТСИН маъмулан -  сабзаи суманак, санҷид, себ, сипанд, сирко, сир ва сиришк (зелол) ороста намуда дар сурфаи ҲАФТШИН бошад – шакар, шаҳд (асал)-ҳамчун ширинии зиндагӣ, шир-покиву назокат, шароб-руҳияи хушу латиф, шамъ-гармии рӯзгор, шохаи ҳафтмева-фаровонии рӯзгор, шамшод-абадияту бақои зиндагӣ тайёр карда мешавад.

Умуман, чун анъана ҳар як шахсро зарур аст, ки  дар арафаи ҷашни Наврӯз ба тоза кардани кӯчаю хонадони хеш пардохта, сару либоси тозаву озодаро ба бар намуда, бо чеҳраи кушоду самимӣ ба аёдати пайвандон, ятимон ва пирону барҷомондагон  рафта ба онҳо дуои хайр гуфта, гултастаҳо  тақдим намояд.

Бинобар ин бо истифода аз фурсати муносиб тамоми мардуми кишвари азизамонро бахшида ба ин ҷашни фархунда табрик ва муборакбод намуда, зиндагии осуда ва дастархони пур аз нозу неъматҳои Наврӯзиро дар хонадони ҳар яки онҳо орзӯ менамоям.

                                              

            Судяи суди ноҳияи

          Спитамени вилояти Суғд                      Шамсзода С.А.

 

Истиқлолият ва ваҳдат –ду рукни давлати миллӣ.

Баробари фаро расидани истиқрори сулҳ, ки саҳлу сода даст надод, мардуми азизи кишварро аз гурез доштану хунҷигариҳо, камингириҳову набардҳо ва бадбиниҳову дасисаҷӯиҳо вораста гардонд. Ин санаи муборакро дар авроқи таърихи миллати бостониамон бо ҳарфҳои заррин 1997 сабт кард, зеро, он баҳри ваҳдати миллӣ, ҳамбастагиву ҳамниҳодӣ ва ҳаммаслакиву ҳамқисматии халқҳоямон муқаддастарин лаҳзаро фароҳам сохт. Баҳри амалӣ гардидани ҳадаф, нигаҳдориву бутунии марзу буми Ватанамон моҳи апрели соли 1994 ҳайати музокира таъсис дода шуда буду пайваста амал мекард, ки баҳри ҷомаи амал пӯшидани умеди умедворонаи сулҳу Ваҳдат гардиши тақдирсоз буд. Ҳамзамон, зимни райъпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар қабул гардид, ки он барои ин гуна ҳадафи муқаддас заминаи боэътимод гузошт.

Сарқонун зимни моддаҳои 1,5,6,7,8,11,16,20,24,43,64 кафолати оромиву осудагӣ ва воҳидии мамлакатамонро эълон кард. Масалан, дар моддаи 5 омадааст: «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Ё дар моддаи 7 омадааст: «Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Тоҷикистон аз Вилояти Мухторои Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст». Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикитонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст. Тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои марзию маъмуриро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Дар ин замина, андешаи ин ҷониб бар он аст, ки муассиси Ваҳдати Миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо рисолату зеҳнияти модарзодии халқи азизамон эътимод кард ва тарафи муқобил низ муқаддасии чунин кайфиятро огоҳона тафаҳҳус намуд. Аз ин рӯ, сулҳи тоҷикон маҳсули иродаи тарафайн аст, ки онро Эмомалӣ Раҳмон «Сулҳ маънии таърихии мост» мегӯяд. Аз ин нигоҳ, мавридеки, ки сари заминаи боэътимод доштани сулҳи кишвар андеша меронем, барои зуҳури истиқрори он омили муҳиме буд, ки онро метавон Ваҳдати миллӣ номид. Яъне истиқрори сулҳи Тоҷикистон, ҳамин сулҳи пойдору устувори кишвари азизамонро агар унсурҳои ваҳдати миллӣ ба даст оварда бошад, дурнамои зиндаву ҷовидонагии кишварро истилоҳи эҳё ба душ мегирад. Соли 1997 вақте, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, сари як дастархон нишастем, гӯши шунаво пайдо кардем, бо таҳаммули сиёсӣ ҳамдигарро гӯш мекардагӣ шудем. Шукри зиндагии осудаҳолона, ки ин ҳама неъматҳои муқаддасро дарёфтем. Акнун рӯ ба созандагӣ овардем, ки муҳимтарин ҳадафи он дар ҷавҳари ҷони ваҳдати миллӣ нуҳуфтааст.

Тасаввур кунед, ки ҳизбҳои гуногуни сиёсие ҳастанд, ки ҳадафҳои умдаи худашонро доранд. Гузашта аз ин, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ хастанд, ки онҳо ҳадафҳои ботинӣ ва зотии худашонро доранд. Пас, кадом ҳадафи ин ҳамаро якҷоя мекунад? Бале, ин ҳамон ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аст, ки онҳоро зоҳиран ва ботинан пайванди маънавӣ мебахшад. Тамоми шаҳрвандони кишвари азизамон ҳамчун муқаддастарин рукни бо арзиши бақои хеш ҳамин Ваҳдатро пазируфтаанд. Ногуфта намонад, ки Ватан – Модар, Истиқлол ва Ваҳдат воқеан муқаддасанд. Мо ҳама ин муқаддасотро дар ҷавҳари ҷонамон мепарварем. Муқаддасоти бутунии марзу буми ватан, Суруди миллӣ, Парчами он ва Пули миллиамон аз ҷумлаи муқаддасоти шаҳрвандони кишвари азиз мебошанд. Аз ин нигоҳ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлол пойдевори азими давлати миллии мост ва мисли як пайкари муқаддас дар оғуши гарми хеш ҳамаи аҳзоби сиёсиву ташкилотҳои ғайриҳукуматиро фаро мегирад.

Эҳё мардуми кишварро ба сӯи созандагӣ ҳидоят мекунад. Ба сӯи созандагӣ роҳ гирифтани мардум, пеш аз ҳама, дар ҷавҳари ҷонашон худогоҳӣ ва худшиносиро тарбият медиҳад. Яъне, рукни мустаҳкаму муайянкунандаи бақои давлати миллиро маҳз Эҳё дар худогоҳиву худшиносии фард-фарди мардумон зоҳир менамояд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки аз бузургтарин дастовардҳои кунунии кишварамон на бепарвоёнаву бетарафона, балки огоҳонаву бедордилона бархурдор бошем, то бидонем, ки салоҳи кор куҷост. Агар таърихамонро ҳанӯз аз даврони Пешдодиёну Каёниён то ба Сомониён варақ гардонем, мебинем, ки он рукни бо арзише, ки барои бақои ҳама гуна давлати бузург ва шоҳаншоҳиҳои азим зарурият доштааст, ҳамин ваҳдати ботинии миллӣ будааст, зеро, парчами ҳамин сурат қарор гирифтани Президент роҳи пешгирифтаи ӯро мунаввар кард ва чеҳраи сиёсии ӯро маъруфи ҷаҳониён гардонид. Ба ҳар нафари мо возех гашт, ки миллатро сарҷамъ намудан, халқҳоямонро бо як мароми устувори зоҳириву ботинии умумӣ ворид намудан, пеш аз ҳама, худи мардум ҳам зарурати чунин маромро дақиқан ва амиқан ба дарк гирифтаанд. Миллати дардошнои мо ба оламиён возеҳу ошкоро нишон дод, ки дар ҷавҳари ҷонаш аслан ва насабан ҷангу хунрезӣ набудааст, балки умдатан маромномаи зиндагиашро ин миллат дар худогоҳӣ, илму фарҳангу деҳқонӣ мебинад.

Ҳар як фарди кишварамонро зарур аст, ки мароми худашро бо талаботи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии умумимиллӣ ҳамоҳанг созад. Дар ин маврид ҳамагони моро лозим меояд, ки баҳри шукуфоии мамлакат аз баҳри манфиатҳои ночизи фардӣ берун омаданро қобили қабули хеш донем. Аз ин рӯ, зарур аст, ки кишварро дар рӯҳияи созандагӣ, худогоҳиву ҷавондории бериё ҳифз намоем. Албатта, чунин иқдоми бузург содда гапе нест, балки он шаҳомати давлатамон аст, ки ин гуна тарбияро танҳо ваҳдати миллӣ таъмин карда метавонад. Ин гуна андеша аз он сар мезанад, ки ҳадафи фардии шахс дар чорчӯбаи маромномаи Ваҳдату Истиқлол поёнтар аз мароми ҷомеа қарор дорад. Ҳамин тавр мукаммал гардидани ҳар кадом фарди алоҳида, агар аз як ҷониб бедориву рушанфикрии шахсиятро таъмин гардонад, аз ҷониби дигар ин гунна маҷмӯи шахсиятҳо шукуфойии ҷомеаро истеҳком мебахшад. Ин роҳ танҳо ҷанбаҳои зоҳири надорад, балки сарсупурдагии ҷонию фардӣ ва ботиниро тақозо менамояд.

Дар ин замина андешаву ҳувияти миллӣ таҳкимбахши Ваҳдат ва Истиқлол аст. Ба диди ин ҷониб барои сохтмони ҳамаҷонибаи давлати соҳибистиқлоли миллиро густариш бахшидан воқеан зарур аст, ки шаҳрвандони кишвари азизи мо огоҳонаву бедордилона аз хатсайри таърихи ориёии хеш маърифати мукамалле дошта бошанд. Аз суннатҳову анъанаҳо, мазҳабу расму русуми аҷдодони бостонии хеш маърифату фаросати амиқу дақиқеро дар лавҳу хотираи фарҳангпарваронаи мутамаддин, ба хусус аз дину фарҳанги исломии худ огоҳонаву бомаърифатона истифода бурда, барои оромиву сарҷамъии мардумонамон бо таҳаммул ва зиракона муносибат намуданро гарави мондагории давлати миллии хеш маҳсуб донанд.

Андешаи миллӣ бошад, бедориву ҳувияти миллӣ ва зиракии сиёсиву таҳаммулпазириро тақозо менамояд.

Барои эҳё намудани андешаи миллӣ шукри худо акнун имконоти васеъ фароҳам омадааст. Танҳо зарур аст, ки шаҳрвандони азизи кишвар садоқатмандонаву ҷонсӯзона аз ин мавриди мусоид таҳаммулпазиронаву зиракона истифода карданро сармашқи зиндагии навини соҳибистиқлоли хеш карда бошем. Акнун ҳамагони мо дарк намудем, ки истилоҳи ватан-модар сухани сардастӣ ва саҳлу содда набуда, балки ин вижа дар ниҳояти муқаддасӣ ва такрорнопазирӣ мавҷуд аст.

Дар воқеъ зиндагии навини  мардуми мо, соҳибдавлатиро Худои бузург бароямон ато намудааст, аз ҳар нафари тоҷику тоҷикистониён садоқатмандонаву аҳлона ва зираконаву таҳаммулпазирона сайқал бахшидани Андешаи миллӣ, ки таҳкимбахши бедорӣ, ҳувият, худшиносӣ худафрӯзиву тафаккури созанда ва дар маҷмӯъ густариши ҷомеаи шаҳрвандиро ба бар меорад, маҳорату маърифати беназирро талаб менамояд.

Вале мутаасифона, таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ва кӯшиши ба сайёра бахшидани «тарҳи нав», ки аз ҷониби як гурӯҳ кишварҳои Ғарб аз тариқи раванди ҷаҳонишумулият сурат мегирад, ба мақсади ба роҳ адохтани тартиботи нави ҷаҳонӣ мебошад, ки он на танҳо ба фарҳанг, ҷуғрофия, забон, таърих ва иқтисоди рӯ ба инкишоф таъсири манфӣ мерасонад, балки будан ва набудан ва ё мавҷудияти ин кишварҳоро зери хатари ҷиддие қарор медиҳад. Имрӯз Тоҷикистони мо бояд рисолаи таърихии худро дар роҳи ҳифз ва нигоҳдории фарҳанги ғании миллии худ иҷро намояд.

Муссалам аст, ки дар ҳамаи ҷомеаҳои дар даври гузариш қарордошта мушкилиҳое пеш меояд, ки ба арзишҳои демократию мардумсолорӣ аз қабили ҷомеаи шаҳрвандӣ, чандандешагии сиёсӣ ва ғайра иртибот мегирад. Гузашта аз ин, ҷомеаи муосири мо даҳшати ҷанги ҳамватаниро аз сар гузаронидааст, ки ин омил низ ба сатҳу сифат ва ҳолату маънавию фарҳангии миллат бетаъсир набуда, то як давраи муайян осори он дар руҳия, кирдору рафтор ва маънавиёти мардум боқӣ хоҳад монд. Дар ин давраи нозуки таърихӣ пеш аз ҳама моро лозим меояд, ки фаъолияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвндӣ, демократикунонии ҷомеаро, тақвият бахшем сохторҳои ҳокимиятро дар минтақаҳо ва артиши миллӣ, пурқувват гардонем. Ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ҳимоя намоем .

Ин ҳамон рӯзест, ки Созишномаи истиқрори сулҳи комил миёни тоҷикон ба имзо расид. Ин рӯзи васл ва поёни шаби андӯҳи тӯлонӣ барои мардуми мост, ки бо дамидани субҳи сафобахши сулҳ рӯзгори моро таровату накҳати тоза ато намуд. Аз файзи Ваҳдат, ки бо талошу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, Тоҷикистони ғарб дар гирдобҳо ба соҳили мурод расид.

Ваҳдати миллии мо адабгоҳест нозуктар аз арш ва шишаи азрақии моҳу хуршед, ки эҳтиёт, идроку боварро тақозо мекунад, рисолати ҳамешагии худро дар сарҷамъии мардум, ҳамдиливу ҳамоҳангӣ ва таҳкими пояи соҳибистиқлолӣ медонад. Андешаи ваҳдатгароёнаи инсоният баробари мусаффо кардани ақлонияти халқ ва фатҳу ҷодае ҷониби маҷмӯи кушоишҳову даричаи музафариятҳо барои кишвари тоҷикон камолот ато кард ва суроғаи абадиятро нишон дод. Бо ин васила таърих ҷойгоҳу мақоми волотарини ваҳдатро дубора дар оинаи хеш дар марҳилаи навини рӯзғори тоҷикон мутаҷаллӣ сохт, то ба қадри он расем, будани ваҳдатро дар дилу хуну андешаву тафаккур эҳсос намоем, сабақҳои тозае бардорем ва боз ҳам дар ниёзмандии беандоза ба ин эъҷози муборак дар рӯзгори чӣ фарҳангиву маънавӣ бошем.

Бо нигаҳдошти нерӯи пажвоки боваре, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод,  рӯзи Ваҳдат, ки ба иди миллии халқи тоҷик мубаддал гаштааст.

 

 

Судяи суди ноҳияи

Спитамени вилояти Суғд                                         Шамсзода С.А.

 

Ваҳдат

Бист сол муқаддам, яъне рӯзи 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи ниҳоят душвору ноороми даврони истиқлолияти кишвар паси сар монда, саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид.

Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазанди ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз кард.

Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки хотима бахшидан ба мухолифати мусаллаҳона, расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба мо бар ивази хисороти зиёди ҷониву молӣ ва дигар маҳрумияту мушкилоти сангин муяссар гардида, дар ин раванд ҳадафи шуми дар ниҳояти кор аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли тоҷикон барбод рафт.

Даъвати нахустини мо ба хотири таъмини сулҳ ва оғози музокироти сиёсӣ ҳанӯз дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб садо дода буд, ки ҷангу зӯроварӣ ва муборизаи мусаллаҳонаро ҳамчун василаи ба эътидол овардани ҷомеа усулан маҳкум намуда, ба тарафҳои мухолиф роҳи осоиштаи ҳалли низои сиёсиро пешниҳод карда будем.

Дар он рӯзҳо ва минбаъд низ ин пешниҳод намунаи нодири таҷрибаи сулҳофарӣ ба шумор мерафт, ки бо роҳи задухӯрдҳои мусаллаҳона ва идомаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳал намудани ихтилофоти сиёсиро маҳкум намуда, фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ниҳоят ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ расидани ҷонибҳои мухолифро талқин мекард.

Ин ташаббуси сулҳофарӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд барои мо чун қутбнамои оянда хизмат карда, роҳи минбаъдаи моро ба сӯи ваҳдати миллат кушод.

Имрӯз мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки тавонистем тамоми душвориҳоро дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ бартараф созем, арзишҳои бузурги умумимиллӣ – соҳибистиқлолӣ, давлату давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми Ватани азизамонро аз манфиату ғаразҳои гурӯҳиву ҳизбӣ боло гузорем, тадриҷан пойдории сулҳу субот ва оромиву амнияти кишварамонро таъмин намоем.

Рӯзи ваҳдати миллиро ба Шумо табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвари азизамон ободиву осоиш, хушбахтиву некрӯзӣ ва саодату сарбаландӣ мехоҳем.
Судяи суди ноҳияи

Спитамени вилояти Суғд                                         Низомӣ Ш.А.

 

 

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий