wordpress themes.

                    Наврӯз ҷашни расмӣ аст

          Миллати «тоҷик»-ро ҳамчун халқи ориёнажод, ки сарнавишташ саршор пур аз  воқеоти бузурги фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст,  мақоми байналмилалӣ гирифтани иди Наврӯз дар миёни кишварҳои хориҷ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф кардаанд, боз ҳам  машҳур гардонид.

Наврӯз чун ҷашни куҳан таърихи беш аз 5 то 6 ҳазор сола дошта дар сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ вобаста ба ин ҷашни фархунда ақидаҳои гуногун арзи вуҷуд дорад.

Олимон ва мардони баруманди миллати тоҷик барои аз миён нарафтани расму русуми миллӣ, махсусан ҷашни наврӯз душвориҳои зиёдеро паси сар карда тавонистаанд, ин иди миллиро ба наслҳои ояндаи хеш мерос гузоранд.

Таърихнигори бузурги миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуров бо чанд далелҳои муаррихони гузаштагони мо ба монанди «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Зайнулахбор»-и Гардезӣ ва «Осор–ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ Наврӯзро чун ҷашни халқӣ ёдрас шуда, ибрози ақида менамояд, ки иди наврӯз бо сабаби иди деҳқонӣ-халқӣ буданаш ҳатто дар байни миллатҳои ғайри форсу тоҷик ҳам мавриди пазироӣ қарор гирифтааст. профессор У. Ғаффоров

Ҳамзамон, Умари Хайём ҳамчун фарзанди фарзонаи миллати тоҷик меформояд: «Ҳар, ки рӯзи Наврӯзро ҷашн кунад ба хуррамӣ пайвандад ва то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ гузаронад».

Дар фарҳанги Осори Ҷомӣ Наврӯз  – ҳамчун оғози иди солинавии мардуми шарқ эътироф карда шудааст, ки ба рӯзи аввали соли шамсӣ, санаи  21 – 22 март рост меояд.

Аллома Маҷлисӣ дар китоби «Баҳор–ул-анвор» аз Ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ ривоят мекунад, ки Наврӯз аввалин рӯзе ҳаст, ки Хуршед дар он тулӯъ карда, сайёраи Замину Офтоб дар чунин рӯз эҷод шуда вазидани бодҳои ногаҳонӣ сар мешавад.

Гузашта аз ин, ҷашни Наврӯзи хуҷастапай, ки баробаршавии шабу рӯз, оғози кишту кори баҳор, зиндашавии табиат баъд аз зимистон ва орзую ормонҳои мардум ба зиндагии оянда мебошад, аз замонҳои қадим то инҷониб дар байни халқҳои форсизабон махсусан миллати тоҷик бо тамоми шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ба таври расмӣ ба танзим даровардани анъана ва оинҳои гузаштагони миллати тоҷик ба миён омад.

Пас аз таҳия ва баррасии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ноябри соли 1995 – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ваколати қонунгузории худ ба зери Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» имзо гузошт.

Мувофик ба сархати 3-юми  банди 1-уми  Қонуни мазкур 21-22  март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ҷашни Наврӯз эътироф карда шуд.

Бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ ва ба ҷо овардани танзими расму русумҳои иди наврӯз, ки дар ин рӯз мардум бо мақсади дуои хайр гуфтан ба аёдати наздикон ва ятимону барҷомондагон рафта ҳадя тақдим мекунанд, санаи 29 апрели соли 2006 ба Қонуни мазкур тағйирот ворид карда шуда, дар баробари рӯзи 21-22 инчунин 23 -24 март низ, ҳамчун рӯзи ҷашни Наврӯз муқаррар карда шуд.

Дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик боз як рӯзи фаромӯшнашаванда ин санаи 23 феврали соли 2010 ба шумор меравад, ки бо ташабуси Тоҷикистон ва якчанд кишварҳои дигари ҷаҳон иҷлосияи 64 –уми Асамблеяи Генералии СММ дар бораи «Рӯзи байналмилалии наврӯз» эълон шудани рӯзи 21 март Қарор қабул кард ва бо ҳамин, Наврӯзи тоҷикон ва қавмҳои ориёӣ ҷаҳонӣ гардонида шуд.

Вобаста ба Қарори Маҷмааи умумии СММ: 21 – март ҳамчун рӯзи байналмилаии Наврӯз эътироф карда шуда, кушиши давлатҳои аъзоро, ки Наврӯзро ҳамчун ишкишофи анъанаҳои фарҳангӣ ҳифзу таҷлил мекунанд (ҷашн мегиранд) ҷонибдорӣ гардида, давлатҳои аъзоро ҳидоят бар он мекунад, ки ҳар сол то ҳадди зарурат оид ба гузаронидани Наврӯз тадбирҳо андешанд, инчунин давлатҳои аъзои ба Наврӯз таваҷҷуҳ доштаи СММ, бояд дорои соҳаҳои мансуб ба: бунёдҳо, лоиҳаҳо, бахшҳои масъули соҳаи маориф ва илму фарҳанг буда, дар тадбирҳои ташкилотҳои байналмилалии СММ  ширкат варзанд.

Санаи 21 июли соли 2010 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 3 ноябри соли 1995 тағйирот шуда, ба ҷои ибораи «Ҷашни Наврӯз» «Иди байналмилалии Наврӯз» ворид гардида, қонуни мазкур ба Қарори Маҷмааи умумии СММ  мутобиқ гардонида шуд.

Ҳамзамон, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар Нишони Наврӯз ҳамчун рамз таҳия ва тасдиқ карда шудааст.

Дар нишони Наврӯз, ки он ба шакли курраи замин аст, қутбҳои шимолу ҷануб, нурафшонии Офтоб, оғози бедоршавии табиат, айёми кишту кори донаҳои умед ва фасли баҳору шукуфоӣ, инчунин тоҷи заринни Нишону Парчами Тоҷикистон дарҷ гардидааст.

Нишони Наврӯз чун РАМЗ,  дар ороишоти наврӯзгоҳо парафшон карда шуда, ҳар як шахс метавонад онро ҳамчун нишони сарисанагӣ ба бар намояд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар баробари дигар идҳои миллӣ ба ҳайси яке аз бузургтарин идҳо эътироф гардида бо тамоми риояи расму русумҳояш  ҷашн гирифта мешавад.

Дар хонадони ҳаряки мардуми тоҷик тартиб додани хони наврӯзӣ бо «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» ҳамчун рамзи Наврӯзӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Ба сурфаи ҲАФТСИН маъмулан -  сабзаи суманак, санҷид, себ, сипанд, сирко, сир ва сиришк (зелол) ороста намуда дар сурфаи ҲАФТШИН бошад – шакар, шаҳд (асал)-ҳамчун ширинии зиндагӣ, шир-покиву назокат, шароб-руҳияи хушу латиф, шамъ-гармии рӯзгор, шохаи ҳафтмева-фаровонии рӯзгор, шамшод-абадияту бақои зиндагӣ тайёр карда мешавад.

Умуман, чун анъана ҳар як шахсро зарур аст, ки  дар арафаи ҷашни Наврӯз ба тоза кардани кӯчаю хонадони хеш пардохта, сару либоси тозаву озодаро ба бар намуда, бо чеҳраи кушоду самимӣ ба аёдати пайвандон, ятимон ва пирону барҷомондагон  рафта ба онҳо дуои хайр гуфта, гултастаҳо  тақдим намояд.

Бинобар ин бо истифода аз фурсати муносиб тамоми мардуми кишвари азизамонро бахшида ба ин ҷашни фархунда табрик ва муборакбод намуда, зиндагии осуда ва дастархони пур аз нозу неъматҳои Наврӯзиро дар хонадони ҳар яки онҳо орзӯ менамоям.

                                              

            Судяи суди ноҳияи

          Спитамени вилояти Суғд                      Шамсзода С.А.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий