wordpress themes.

Ваҳдат

Бист сол муқаддам, яъне рӯзи 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи ниҳоят душвору ноороми даврони истиқлолияти кишвар паси сар монда, саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид.

Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазанди ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз кард.

Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки хотима бахшидан ба мухолифати мусаллаҳона, расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба мо бар ивази хисороти зиёди ҷониву молӣ ва дигар маҳрумияту мушкилоти сангин муяссар гардида, дар ин раванд ҳадафи шуми дар ниҳояти кор аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли тоҷикон барбод рафт.

Даъвати нахустини мо ба хотири таъмини сулҳ ва оғози музокироти сиёсӣ ҳанӯз дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб садо дода буд, ки ҷангу зӯроварӣ ва муборизаи мусаллаҳонаро ҳамчун василаи ба эътидол овардани ҷомеа усулан маҳкум намуда, ба тарафҳои мухолиф роҳи осоиштаи ҳалли низои сиёсиро пешниҳод карда будем.

Дар он рӯзҳо ва минбаъд низ ин пешниҳод намунаи нодири таҷрибаи сулҳофарӣ ба шумор мерафт, ки бо роҳи задухӯрдҳои мусаллаҳона ва идомаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳал намудани ихтилофоти сиёсиро маҳкум намуда, фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ниҳоят ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ расидани ҷонибҳои мухолифро талқин мекард.

Ин ташаббуси сулҳофарӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд барои мо чун қутбнамои оянда хизмат карда, роҳи минбаъдаи моро ба сӯи ваҳдати миллат кушод.

Имрӯз мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки тавонистем тамоми душвориҳоро дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ бартараф созем, арзишҳои бузурги умумимиллӣ – соҳибистиқлолӣ, давлату давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми Ватани азизамонро аз манфиату ғаразҳои гурӯҳиву ҳизбӣ боло гузорем, тадриҷан пойдории сулҳу субот ва оромиву амнияти кишварамонро таъмин намоем.

Рӯзи ваҳдати миллиро ба Шумо табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвари азизамон ободиву осоиш, хушбахтиву некрӯзӣ ва саодату сарбаландӣ мехоҳем.

            Судяи суди ноҳияи

          Спитамени вилояти Суғд                                         Низомӣ Ш.А.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий